Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд. Сарвари давлат бо имзои ин санади муҳим як барномаи мубориза зидди коронавирус дар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд ва Ҳукумати кишвар вазифадор шудааст онро дақиқан амалӣ созад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида:
- барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд;
- нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад;
- аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонад;
- то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд;
Идомаи ин матлабро шумо метавонед ин ҷо пайгирӣ намоед: