Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон чанд лаҳза пеш шумори сироятшудагон дар КОВИД-19 дар кишварро 4902 нафар эълон кард. Ҳамин манбаъ гуфт, ки 64,4 дарсади беморон (3158 нафар) шифо ёфтанд. То имрӯз бар асари сироят ба вируси корона дар Тоҷикистон 49 нафар ҷон бохтанд.
Дар хабари расмии Вазорати тандурустӣ аз ҷумла омадааст: «То 12 июни соли равон дар мамлакат 791 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 96 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд».
Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинз то рӯзи 12-уми июни соли равон шумори мубталоён ба коронавирус дар саросари олам 7 миллиону 517 ҳазру 427 нафарро ташкил дод. Аз сирояти коронавирус дар ҷаҳон 421 ҳазору 498 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 3 миллиону 542 ҳазору 984 нафар шифо ёфтанд.
Дар ИМА шумори гирифторон ба КОВИД-19 ба 2 023 347 нафар расид. Бразилия дар ҷойи дуюм аст ва шумори мубталоёни ин кишвар ахиран 802 ҳазору 828 нафар эълон шуд. Русия бо 511 ҳазору 423 сироятшуда дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм мебошад.
То имрӯз, 12-уми июн дар Ҳинд 297 535 ҳодисаи сироят ба қайд гирифта шуд, дар Британияи Кабир 292 860, дар Испания 242 707 нафар сироят шудаанд.
Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар Перу 214 788, дар Фаронса 192 493, дар Олмон 186 691, дар Эрон 180 156, Туркия 174 023, дар Чилӣ 154 092, Мексика 133 974, Покистон 125 933, Арабистони Саудӣ 116 021ва Канада 99 159 нафар мебошанд.
Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз ҳамчунин хабар дод, ки шумори беморони КОВИД-19 дар Чин тибқи маълумоти расмӣ 84 216 нафар мебошанд.