Заминларза дар Тоҷикистон. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми майи соли 2025, соати 07:55 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 168 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 26 километр шарқи ноҳияи Рашт ва 23 километр шарқи ноҳияи Тоҷикобод дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Ҳамватанони азиз!

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!

Мо имрӯз 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро бо ифтихор ва посдорӣ аз хотираи неки фарзандони Тоҷикистон ва корнамоиву қаҳрамониҳои онҳо дар мубориза бо фашизми гитлерӣ таҷлил менамоем.

Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ҳушдори КҲФ аз тӯфони гарду ғубори рӯзҳои 8-10-уми май

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 8-10-уми майи соли равон дар ҷумҳури тӯфони гарду ғубор пешбинӣ шудааст.

Бино ба гузориши манбаъ дар ин рӯзҳо бод ба суръати 15-20

Омодагӣ ба мавсими оббозӣ дар вилояти Суғд

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қойдаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозии соли 2025 аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки сардорони шуъба ва бахшҳои Раёсати вилоят дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади санҷидани ҳолати омодагии минтақаҳои истироҳатию меҳнатӣ...

Ҳашари сокинон ҷиҳати рафъи пайомадҳои сел дар Айнӣ ва Мастчоҳ

2-уми майи соли равон бар асари боронҳои пуршиддат дар деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел омад. Лойю сангу рег ҳамроҳ бо дигар селовардаҳо  ба заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷуйборҳои оби полезӣ, роҳои дохилӣ ва иншооти ёрирасон ворид гардида, зарар расонида буд.

Зарфи чанд рӯзи гузашта ҷиҳати бартараф кардани пайомадҳои ин офати табиӣ ҳудудан 100 нафар сокинон бо ҷалби 2 техника

Страницы