Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти семоҳаи худро ҷамъбаст кард

7 апрели соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид. Дар ҷаласа фаъолияти семоҳаи Кумита ҷамъбаст шуд.

Дар он сарварони воҳидҳои сохторӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, сарварони раёсату шуъбаҳои навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, сарварони Раёсатҳои Кумита дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоб иштирок карданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти натоиҷи кори идораи наҷот дар семоҳаи аввал, омодагии неру ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба давраи баҳору тобистон ва омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Кумита баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа чорабиниҳои муҳимтарини дар семоҳаи аввал гузаронидашуда, муваффақиятҳои бадастомада ва камбудиҳои роҳ додашуда, инчунин муҳимтарин чорабиниҳои соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ дар семоҳаи дуюми соли 2025 ба таври муфассал баррасӣ гардиданд. Дар байни офатҳои табиии рухдода лағзиши тарма бартарӣ дошта, 47 ҳодисаро ташкил медиҳад. Бар асари офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. 

 

Сангрезиш дар Рӯшон ба як хона зарар расонд. Талафоти ҷонӣ нест

6-уми апрели соли  2025 соати 12:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Дерзуд ҷамоати деҳоти ба номи Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон резиши санг ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса як хонаи истиқоматии сокини деҳа зарар дид. Талафоти ҷонӣ нест. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Дар робита ба бартараф нашудаи хатари лағзиши тармаву резиши санг Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад ва даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз чорвочаронӣё дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, сайру гашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, ба шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Конфронси илмӣ-назариявии ҳифизи пиряхҳо дар Кумита

4-уми апрели соли 2025 бо ташаббуси Шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Кумита дар ҳамкорӣ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист, конфронси илмӣ–назариявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон бахшида ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани “Соли  2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз селҳои эҳтимолии рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари ҳавои номусоид, аз ҷумла боридани боронҳои пуршиддат дар як қатор навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон...

Суҳбат атрофи сӯхтор дар КҲФ

4 апрели соли 2025 вохӯрии ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Алишер Иброҳимзода баргузор шуд. Дар баромади худ оид ба рафти иҷрои Қарори...

Страницы