28-уми январи соли 2025 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, лейтенанти калони адлия Сиёвуш Сафарзода мулоқот баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои аввалини соҳибихтёрии хеш дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар мушкилотҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, муқовимат бо ин падидаи номатлубро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дод.
Дар вохӯрии мазкур, вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, инчунин тартиби ташкили ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар маълумот дода ва оид ба омилҳои пайдоиши коррупсия ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки коррупсия падидаи номатлуб ба ҳисоб рафта, он монеаи рушду пешрафти ҷомеа мегардад ва аз ин рӯ, мубориза бар ин падидаи номатлуб кори дастаҷамъонаро талаб менамояд. Маҳз бо кӯшиш ва талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеа метавонад ин падидаи номатлубро аз байн бурд.