Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумоти пешакӣ, хабар медиҳад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ (километрҳои 48-71) ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма, резиши санг, яхбандӣ ва туман боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафар ба манотиқи тармазо, ғунучини ҳезум, шикор, ҷамъоварии гиёҳони дорувор худдорӣ кунанд. Ронандагон хангоми харакат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва манотиқи тармахез қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҳангоми ҳаракат риоя кунанд.
Илова бар ин, КҲФ аз сокинони манотиқи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ хоҳиш мекунад боми хонаҳои худро сари вақт аз барф тоза кунанд.
Риояи ҳама гуна қоидаҳои бехатарӣ, бахусус истифодаи воситаҳои гармкунӣ гарави аслии амнияти шумост.
Аз падару модарон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунем фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
Агар шумо онҳоро ба мактаб мегуселонед ва ё ба сайругашт, пас қабл аз он ки аз хона берун шаванд, дар бораи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳо ва эҳтиёт аз ҳшар гуна хатарҳои вобаста ба барфу борону ях суҳбат кунед.
Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода ба хадамоти наҷоти Кумита бо телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ва ё 93 880 28 19 муроҷиат кунед.
Истифода аз замимаи мобилии КҲФ «SOS»ҳамеша ба манфиати шумост. Ин замима ҳоло барои ҳама гуна телефонҳои дастии шумо дастрас аст!!