Ҷаласаи ҳайати мушовараи КҲФ баргузор шуд

9 январи соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, бо ширкати сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон генерал-майор А.Маҷидзода ҷаласаи ҳайати мушовира баргузор шуд, ки натиҷаҳои фаъолияти КҲФ дар соли 2024-ро мавриди барарсӣ қарор дод.

Дар кори ҳайати мушовара роҳбарони Сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шӯъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои вилоятӣ, шӯъбаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва шӯъбаҳои КҲФ ва фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ иштирок намуданд. 

Ҳисоботи роҳбарони Сарраёсат ва шӯъбаҳои КҲФ дар се минтақа оид ба корҳои анҷомдодашуда дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, иҷрои нақшаҳои КҲФ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, натиҷаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ шунида шуд.  

Раиси Кумита ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар соли 2024 кормандони Кумита якҷо бо дигар вазорату идораҳои кишвар тавонистаанд, ки ба аҳолии осебдида сари вақт кумаки ҳамаҷониба расонанд, иқтидори техникии Кумита ва сатҳи касбии онҳоро баланд бардоранд. Вай ҳамчунин ба тавсеъа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро дар заминаи пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои офатҳои табиъӣ таъкид кард.

«Ин натиҷаҳо тавассути кори фаъолона ба даст оварда шуданд, ки дар он на танҳо кормандони КҲФ, балки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ ширкат доштанд. Ба шарофати вокуниши саривақтӣ ва ташкили ҳамкориҳо кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ҳамзамон расонида шуд. Ҳамаи кумкҳои башарӣ ва ёриҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба офатзадагон бо воситаи техникаи Кумита ба маконҳои лозим расонда шуд», - гуфт ӯ. 

Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Маҷидзода А. барои беҳтар намудани фаъолияти КҲФ дар соли 2025 ба ҳамкориҳои созанда бо дигар вазорату идораҳо даъват намуд.

Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Р.Назарзода зимни суханронии ҷамъбастӣ иҷрои қатъии дастуру вазифаҳоеро, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуд. Ҳамзамон бо ин Раиси Кумита як бори дигар ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар кори рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ, таҳкими техникии Кумита, бозомӯзии наҷотдиҳандагон ва ғайра даъват кард.  

Дар поёни ҷаласа дар бораи вазифаҳои дарпешистода дар соли 2025 ва самтҳое, ки бояд кор ҷоннок карда шавад, сухан рафт.

 
барчасп: