Ҷамъбасти фаъолияти яксола дар Раёсати Хатлон

Рӯзи  4 январи соли 2025 дар асоси ҷадвали гузаронидани ҷаласаҳо «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024» ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хидматии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он гузаронида шуд, ки дар он муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Сулаймон Исозода иштирок кард.

Дар ҷаласаи мазкур сардорони шуъбаҳо, марказҳо ва бахшҳои Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва сардорони шуъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳои вилоят баромад намуда, оид ба иҷроиши қонуну қарорҳои амалкунанда дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва иҷроиши нақша-чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ дар соли ҷорӣ ҳисобот доданд.

Дар охири ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Сулаймон Исозода ва сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон полковник Ҷамшед Маҳмадзода барои бартараф намудани камбудиҳои ҷой дошта ва барои беҳтару хубтар фаъолият намудан дастуру супоришҳо доданд.