Дар Хоруғ ҷаласаи Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд

27 ноябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати Раиси Ҳукумати вилоят Алишери Мирзонабот ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти кори Комиссияи вилоятӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 мавриди барарсӣ қарор гирифт. 

Дар  ин нишаст ширкаткунандагон атрофи масъалаҳои рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 15 апрели соли 2024 «Дар бораи омодагии саривақтии хоҷагии халқ ва иншооти иҷтимоии вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 № 778 «Қоидаҳои ташкил ва истифодаи захираҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ»изҳори назар краданд. 

Дар ҷаласа сардори Раёсати КҲФ дар ВМКБ полковник Н.Мираков баромад намуда, маълумоти муфассал ироа кард. 

Пас аз баррасии масъалаҳо раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят оид ба беҳтар намудани кор ва ҳамкории сохторҳо дар масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва қабули қарорҳои саривақтӣ дар ҳолати рух додани онҳо супоришҳои мушаххас дод.