Дар давоми 24 соати охир дар кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст. Сарфи назар аз ин, воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои расонидани кумак ба аҳолӣ ҳамеша омодаанд.
26 ноябри соли 2024, соати 21:222 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоева, бинои 7/4, аз сабаби абста шудани дари оҳанӣ соҳиби хона наметавонад ба манзилаш ворид шавад. Дар ҳоле ки дар ин хона кӯдакони хурдсол танҳо мондаанд.
Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз асбобҳои махсус қуфли дари оҳаниро кушоданд.
Вазъи саломатии кӯдакон хуб буд ва ба ёрии тиббӣ ниёз надоштанд. Наҷотдиҳандагон бо волидон дар ин маврид суҳбат карданд. Ба онҳо фаҳмонданд, ки пеш аз аз баромадан аз хона, аввал чӣ бояд кунанд.
Ҳамчунин онҳоро аз паёмадҳои нохуши эҳтимолии танҳо мондани кӯдакони ноболиғ дар хона ҳушдор доданд.