Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 29 ноябри соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад. Борон меборад ва дар баъзе ноҳияҳо борони пуршиддат дар назар дошта шуда, дар баландиҳои беш аз 1800 метр аз сатҳи баҳр барф меборад.
Бориши борон метавонад боиси баланд шудани сатҳи оби дарёҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ шуда, хатари омадани сел, резиши санг ва лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Дар ин робита, Кумита бори дигар ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайру гаштҳо ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд ва дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии занбурўғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
КҲФ ба сокинони манотиқи кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ муроҷиат мекунад ва тавсия медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳо, ҳузур дар соҳили обҳо эҳтиёткор бошанд.
Илова бар ин, Кумита барои пешгирӣ аз паёмадҳои эҳтимолии сел аз ахолӣ даъват менамояд, ки сари вақт ҷӯву заҳбурҳо, селроҳаҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро азх ҳар гуна хасу хасрубаву регу сангу шағал тоза кунанд, то оби зиёд бемонеа роҳи бурунрафт дошта бошад ва ба манзилҳои истиқомативу хоҷагиҳои ёрирасон осеб нарсонад.
КҲФ ёдовар мешавад, ки дар ҳоли рӯйд додани ягон ҳолати фавқулода бо рақами 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ ба шумораи телефонҳои (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.
Аз замимаи мобилии «SOS» ҳатман истифода баред!