Сокинони зарардидаи Сангвор соҳиби хонаи нави истиқоматӣ шуданд

22 ноябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар як маросими тантанавӣ ба сокинони аз офати табиӣ осебдида калиди хонаҳои навро супурданд.

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои осебдида барои бунёди хонаи нав сари вақт кумак расонид.

Дар ин муддат барои ин зарардидагон 17 хонаи нави замонавй сохта шуд. Биноҳои истиқоматй якошёна буда, ҳар кадоми онҳо аз 4 ҳуҷра иборатанд.

Бо дастуру супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат ин хонаҳо ва ин макон бо ҳама шароити зарурӣ сохта шуд ва барои сокинон дигар мушкиле боқӣ намонд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва раиси Кумита бо сифати сохтмон шинос шуда, ба бинокорон барои суръат ва сифати баланди корҳои сохтмонӣ изҳори сипос намуданд. Сокинони маҳаллӣ ба Сарвари давлат барои ғамхорӣ ва кумакҳои расонидашуда самимона ташаккур гуфтанд.

 

барчасп: