Таҷлиди Рӯзи Парчами давлатӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

21 ноябри соли 2024 дар Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти Раёсат ва ҳайати шахсӣ иштирок карданд. 

Роҳбарияти Раёсат ҳайати шахсиро бахшида ба ин рӯз муборакбод карда, қайд карданд, ки  Парчами мо нишон аз таърихи чандинҳазорсолаи мост ва гӯётарин гувоҳ бар он, ки тоҷикон на фақат дар фарҳангу илми умумибашарӣ саҳми бориз дорад, балки дар давлатдориву давлатсозӣ низ яке аз миллатҳои бунёдгузор ба ҳисоб меравад. Инчунин санаи 22 ноябри соли 2024 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар роҳпаймои бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон фаъолона ширкат намуданд.

 

 

барчасп: