Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 21 то 23 ноябри соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва Хатлон вилоятҳо, инчунин дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳдиди омадани сел идома хоҳад ёфт. Илова бар ин, бар асари боришот хатари баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.
Дар ин робита, Кумита бори дигар ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайру гаштҳо ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд ва дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии занбурўғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
КҲФ ба сокинони манотиқи кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ муроҷиат мекунад ва тавсия медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳо, ҳузур дар соҳили обҳо эҳтиёткор бошанд.
Илова бар ин, Кумита барои пешгирӣ аз паёмадҳои эҳтимолии сел аз ахолӣ даъват менамояд, ки сари вақт ҷӯву заҳбурҳо, селроҳаҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро азх ҳар гуна хасу хасрубаву регу сангу шағал тоза кунанд, то оби зиёд бемонеа роҳи бурунрафт дошта бошад ва ба манзилҳои истиқомативу хоҷагиҳои ёрирасон осеб нарсонад.