Зери тарма мондани се сокини ноҳияи Ванҷ. Хабари расмӣ

Се сокини деҳаи Пишихарви ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ зери тарма монданд ва яке аз онҳо ҷони худро аз даст додааст.

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ин ҳодиса рӯзи 20-уми  ноябри соли 2024, соати 09:00 дақиқа рух додааст.

Ин се сокини ноҳияи Ванҷ бовуҷуди эълонҳо ва ҳушдорҳо аз паёмадҳои боришоти рӯзҳои ахир бо мақсади ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта буданд.

Ду нафари онҳо 44 сол дошта, як нафарашон 55-сола буд.

Дар хабар гуфта шудааст, ки шаҳрванд Диловар Умаров, ки низ бо ҳамроҳонаш зери тарма монда буд, тавонист ҷонашро аз бало раҳонад ва фавран ҳамдеҳагонро аз ҳодиса огоҳ созад.

Сокинони деҳа шаҳрванд Алишер Ҷумъаевро, ки ҷароҳати сахт бардошта буд (пояш шикаста) аз зери ғарами барф берун оварданд ва ба бемористони марказии ноҳия интиқол доданд.

Дар айни замон гурӯҳи зудамали наҷоти Раёсати КҲФ дар ВМКБ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудааст ва ҷустуҷӯи шахси сеюми зери тармамонда идома дорад. 

 

барчасп: