Мулоқоти генерал Назарзода бо намояндагони Сафарати ҶМЧ
18 ноябри соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҳайати намояндагони Сафорати Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Консули Сафорат ҷаноби Жу Йонгфа ба ҳузур пазирфт.
Сарвари КҲФ дар оғози ҷаласа дар бораи корҳое, ки дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар ҷараён дорад, инчунин оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ ва аз ҷумла, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин сухан гуфт.
Сарвари КҲФ ҳамчунин дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи дар кишвар ба қайд гирифташуда маълумот дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо механизмҳои қабул ва татбиқи барномаи байналмилалии «BRIDRREM»-ро дар чаҳорчӯби ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки ба беҳбуди идораи ҳолатҳои фавқулодда нигаронида шудааст, баррасӣ карданд.
Дар поёни мулоқот ҷаноби Йонгфа барои мулоқот изҳори сипос намуда, ба қабули ҳарчи зудтари ин барнома изҳори умедворӣ кард.
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР:
Ахиран Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Чин Барномаи ҳамкориҳои байналмилалиро дар доираи «Як камарбанд як роҳ» барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва идораи офатҳои табиӣ (BRIDRREM) оғоз кард ва 3 ноябри соли 2021 аввалин Форуми вазирони кишварҳои «Як камарбанд ва роҳ»- оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва идораи ҳолатҳои фавқулодаро баргузор карда буд.
ҲАДАФҲОИ BRIDREM ИНҲОЯНД:
фароҳам овардани платформа барои муколама ва ҳамкории сиёсӣ;
ташкили платформа барои табодули дониш ва таҷриба дар соҳаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, бехатарии меҳнат ва корҳои наҷот, гузаронидани тамринҳои имдод, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои бехатарӣ;
фароҳам овардани платформа барои табодули технологияҳо ва инноватсияҳо дар соҳаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ, бехатарии кор, технологияҳо ва таҷҳизоти наҷот, гузаронидани тадқиқот ва пажӯҳишҳои муштарак.