18 ноябри соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ҳайати Бюрои USAID оид ба кӯмаки башардӯстонаро таҳти роҳбарии мушовири минтақавии USAID оид ба масоили кумакҳои башарӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ҷаноби Лео Д. Редмонд IV ва Директори тозатаъйини Намояндагии USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Риордан ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва таъсири он ба аҳолӣ, минтақаҳои дучори офати табиӣ ва омодагии онҳо ба ҳолатҳои фавқулода, инчунин масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси КҲФ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба густариши ҳамкориҳои ду сохтор дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода таъкид кард.
Дар ин дидорӣ меҳмонон бо фаъолияти КҲФ дар самти ҳифзи аҳолии минтақаҳо аз ҳолатҳои фавқулодда шинос карда шуда, ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба бо Дафтари USAID оид ба кӯмакҳои башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба ҷонибдории худ ба густариши ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва расонидани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ осебдида таъкид карданд.