Дар қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ ба анҷом расид.
То 15 ноябри соли 2024 тамоми даъватшавандагони тирамоҳии қисмҳои низомии КҲФ савганди садоқат ба Ватан ёд карданд.
Чунончӣ, 15-уми ноябри соли равон дар қисмҳои ҳарбии КҲФ дар ҳудуни ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Вахши вилояти Хатлон, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ҳамчунин ноҳияи Рашт наваскарон савганд ёд карданд.
Сабозони ҷавон дар ҳузури волидон, рафиқон ва сарварони низомӣ қасам ёд карданд, ки ҳамакнун сарбози ин Ватананд ва ҳимояи марзу бум, ҳифзи тамомияти арзӣ, дастовардҳои истиқлол ба души онҳост.
«Барои ман савганд ёд кардан як лаҳзаи хеле ҳаяҷоновар аст. Ман ҳамеша мехостам ба артиш равам. Ду ҳафтаи пурра моро бо нозукиҳои касби ҳарбӣ ошно карданд ва ман худам тасмим гирифтам, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ мехоҳам, ки тибқи шартнома хидматро идома диҳам», - гуфт дар суҳба сарбози ҷавон Абдулло Амонбоев.
Дар ҳар маросми савганд баъди анҷоми қисми тантанавӣ волибдон ва ҳамаи касоне, ки дар ин маросим ширкат доштанд, аз қисми ҳарбӣ дидан кардан два ба шароитҳои он аз наздик шинос шуданд.
Фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ дар суҳбат бо волидони наваскарон ба кулли суолҳои онҳо посух доданд.
Ҳамаи маросимҳои савгандёдкунӣ бо сафороии ҳарбӣ ба анҷом расиданд.