САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ЛАҲЗАИ ХОТИРМОНИ НАВАСКАРОН

Дар арафаи таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон  нақши барҷастае доранд субҳи 15 ноябри соли 2024 ҷамъомади тантанавии савгандёдкунии 52 наваскарони қисми ҳарбии 45085-и баталёни алоҳидаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 15 ноябри соли 2024 бо даровардани Байрақи ҷангӣ ба майдони қадамзании баргузории чорабинӣ  ва таҳти садои Суруди миллӣ оғоз гардид. Воқеан, маросими қабули Савганди ҳарбӣ, ки дар ҳаёти ҳар як ҷавонмарди асил лаҳзаи таърихиву фаромӯшнопазир ба ҳисоб меравад, он дар тамоми қисмҳои ҳарбии Артиши миллии кишвар бо риояи муқаррароти оинномавӣ ва тибқи оинҳои хоси низомиён ба таври шоиста ва басо ҳам хотирмон ташкилу гузаронида мешавад.

Қисмати асосии ҷамъомад, ки лаҳзаи ба маркази майдон баромадани ҳайати шахсии наваскарон мебошад, он ҷо ҷавонаскарони Меҳан, саф ба сафи ҳам истода, ҳар яке дар навбати худ бо даъвати афсарон ва дар назди ҳозирин матни савганднома дар даст, сатрҳои пурмўҳтавои онро ба забон меоранд ва ботанатана қасам мехӯранд.

Дар маросими савгандёдкунӣ ҷавононе, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд, иштирок карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу бум, пойдории сулҳу субот саҳм мегузоранд ва ба халқу Ватан садоқатмандона хизмат менамоянд.

Савганди ҳарбӣ яке аз рукнҳои муҳим аст, ки ҳар як афсару сарбоз бо ёд намудани он минбаъд, дар давоми хизмат тамоми вазифаву ӯҳдадориҳои масъулиятноки хешро сарбаландонаву софдилона иҷро менамояд.

Афсарони олирутба, командири қисми ҳарбӣ, намояндагнони мақомоти иҷроияи ҳукумати ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, собиқадорони хизмати Артиши кишвар, ҷангу муҳорибаҳои солои 90-уми асри ХХ-ум дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон ва падару модарони наваскарон зимни баромади табрикотии хеш ба фарзандони муҳофизи Меҳан ё худ сарбозони комилҳуқуқи Артиши ҷасури Тоҷикистон дар хизмати ҳарбӣ ба халқу Ватан ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат барору комёбӣ таманно намуда, таъкид карданд, ки ба савганди ёднамудаи худ содиқ ҳамеша монанд ва ҳамчун ҷавонмардони далеру матинирода такягоҳи боэътимоди мардуми ин сарзамин бошанд!

Баъдан, бо тарзи бардошти мухтасар ва лекин ҷаззоб, бори дигар дар рафти чорабинии тантанавӣ сарбозон, афсарону хозиринро оиди моҳияти санаҳои сиёсӣ-таърихии 30-солагии Рӯзи кабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ», инчунин иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ёдрас шуданд. Ҳамчунин, дар радифи наваскаронро ба ин рӯзи саид муборакбод кардан, изҳори умед намуданд, ки онҳо ба савганди ёдкардаашон то ба охир, ҳаётану абадан ба қасами худ пойбанди он мемонанд.

«Бароямон савганди ҳарбӣ ёд кардан як лаҳзаи басо пурҳаяҷон мебошад. Ҳамеша мехостем барои адои хизмати ҳарбӣ ба Артиши Тоҷикистон, хусусан мақомоти равем. Чанде пеш аз ин маросими савгадёдкунӣ якҷоя ният карда будем, ки баъди анҷоми хизмати солона сарнавишти худро ба кори ҳарбӣ бипайвандем ва насиб бошад, аз худ ба пуррагӣ боварӣ дорем аз ӯҳдаи ин ҳадаф мебароем. Тайи сӣ рӯз пайваста командирон моро бо аксари нозукиҳои касби ҳарбӣ шинос карданд ва барои худамон тасмим гирифтем, ки пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ аҳд кардем, ки хизматамонро бо тавсияҳои командиронамон ба муассисаи таълимоти олӣ ҳарбӣ, ё тибқи шартномавӣ хизмати ҳарбиамонро баҳри ҳифзи Модар-Ватан идома диҳем”- бо як ақида гуфтанд дар сӯҳбати муштарак наваскарони даъвати тирамоҳии соли 2024, сарбози қаторӣ Фаридун Сайфиддинзода Азимҷон ва сарбози қаторӣ Санҷар Кишварович Иброҳимов, ки чанде пеш қасами ҳарбии худро дар назди командирону ҳамхизматҳо ва волидайнашон ёд карда буданд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби наваскарон ва хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбӣ якчанд машқҳои низомӣ ба намоиш гузошта шуд, сипас марши тантанавӣ, ки аз ҷониби наваскарони ҷавони қисми ҳарбӣ ба роҳ монда шуд ва хотимабахши чорабинии имрӯза гардид.

Баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ сарварни қисми ҳарбӣ бо падарону модарони наваскарон мулоқот карданд ва ба ҳама суолҳои онҳо посух доданд.

Ҳамзамон ба пайвандони сарбозон рақамҳои зарурии телефонҳои қисми ҳарбӣ, сарварони он ва фармондеҳони бевоситае, ки бо сарбозон дар иртиботи ҳамешагӣ мебошанд, доданд, то дар мавридҳои зарурӣ занг зананд ва аз ҳоли аскарбачаҳои худ хабардор шаванд.Бо гузашти низомӣ ва қадамзаниҳои ифтихорбору тантнавор дар роҳи мудофиаи Ватан, ҳифзу ҳимояи марзу буми он ва наҷоти аҳолӣ, ҳифзи ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ чорабинии пуршукӯҳ ба муносибати қабули Савганди ҳарбӣ аз ҷониби наваскарони ин қисми низомӣ ба поён расид.

Дар фарҷоми тантанаи ҷашни пурмӯҳтавои фаромӯшнашаванда, волидон дар якҷоягӣ бо командирон бо шароити мусоид ба будубоши хизматии сарбозон аз наздик шинос шуданд ва сипоси бепоёни хешро ба командири қисми ҳарбӣ, сардорони Раёсати вилояти ва шуъбаи минтакаи Кулоби вилояти Хатлон ва хусусан ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Рустам Назарзода баён карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар савганди ҳарбӣ ҳамаи талаботи муҳим ва вазифаҳои асосие, ки халқу Ватан ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди хизматчиёни ҳарбӣ мегузорад, хеле мушаххас ва нишонрас ифода ёфтааст. Сарбоз савганд ёд мекунад, ки ба Модар ва Ватани азизаш – Тоҷикистон содиқ бошад.

барчасп: