Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2024 ва бо мақсади тарғиби арзишҳои миллию маънавӣ, тарбияи ватандӯстӣ роҳбарияти Сарраёсати Қӯшунҳо, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, инчунин Шӯрои занони КҲФ гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо бо даъватшавандагони даъвати тирамоҳии қисмҳои ҳарбӣ дар саросари ҷумҳурӣ идома дорад.
Чунончӣ, 13 ноябри соли 2024 бо наваскарони даъвати тирамоҳии қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ бо мақсади мутобиқ намудани наваскарон ба ҳаёти ҳарбӣ ва ворид кардани онҳо ба низоми ҳарбӣ ва нигоҳ доштани солимии арвонии онҳо тавсияҳо дода шуд.
Гурӯҳи корй бо шароити хидмат шинос шуда, аз вазъи ошхона, таомҳои омодашуда барои сарбозон, тозагии атроф, сарбозхона ва хайра аз наздик ошно шуд.
Сипас, бо сарбозон мулоқот кардаву онҳоро барои вурудашон ба мактаби инсонсозу мардонагӣ, дар роҳи хидмати садоқатмандона ба Ватан ва иҷрои қарзи шаҳрвандии худ муборакбод карданд.
Инчунин ба ҳайати шахсӣ ба зарурати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстии ҳарбӣ, нақши арзишҳои миллию маънавӣ дар ҳифзи ҷавонон аз ҳаракатҳои гуногуни дорои хусусияти ифротидошта ва аҳамияти чорабиниҳои тарбиявӣ ва тарбиявӣ суҳбат карданд.