Бо мақсади татбиқи Созишномаи шарикӣ оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ байни Кумита ва Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ аз 13 то 15 ноябри соли 2024 ҳайати гурӯҳи байналмилалии ҷустуҷӯ ва наҷоти Британияи Кабир барои нахустин бор аз Кумитаи мазкур дидан кард.
Дар рӯзи аввали сафар чаҳор нафар наҷотдиҳандагони инглис ва як корманди баландпояи Сафорати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ба ҳузур пазируфта шуданд.
Сарвари КҲФ ба меҳмонон дар бораи самтҳои асосии фаъолияти ниҳоди наҷоти кишвар маълумот дод. Вай инчунин ба аҳамияти ҳамкориҳои муштарак ва тадбирҳои имконпазири роҳандозии амалии онҳо таъкид кард.
Пас аз вохӯрӣ бо раиси Кумита ҳайат бо фаъолияти Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ ва Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ-наҷот шинос шуд.
Ҳадаф аз боздид табодули таҷриба, арзёбии маҳорат, қобилият ва таҷҳизоти наҷотбахши ҷузъу томҳо, ҳамчунин муайян кардани ниёзҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, бахусус дар самти ҷустуҷӯ ва наҷот аст.
Сафари ҳайати Британия марҳалаи муҳим дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.