Оғози тамрини тавлидкунандагони системаи ALM дар КҲФ

Бо мақсади таъсиси Системаи ягонаи автоматикунонидашудам алоқаи КҲФ ва дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ барои воҳидҳои Кумита таҷҳизоти навтарини алоқа ва дастгоҳҳои назорати видеоӣ харидорӣ карда шуд. Ин воситаҳои техникӣ имкон медиҳанд, ки алоқаи савтиву овозӣ, иртиботи видеоӣ, паёмҳои матнӣ, ҷойгиршавӣ ва дигар воситаҳои иртиботро дар системаи ягона ҷамъоварӣ иваз ва коркард кунанд. Он интиқоли босуръати маълумотро байни компютерҳо ва дигар дастгоҳҳои дохили шабака таъмин мекунад, ки аз ин робитаи байни сохторҳои минтақавӣ беҳтар мешавад.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзонидани ин таҷҳизот ба кормандон курсҳои шашрӯзаи омӯзиши дастгоҳ ва нармафзори «KYDODO ALM Advanced Link Manager» и «KYODO KY-880 Dispatch System» оғоз гардид. 

Курсҳоро мутахассисони системаи амалиётии Linux-Ubuntu, муҳандисони хидматрасонӣ, маъмурони система ва операторҳо, инчунин мутахассисони Helt Group мегузаронанд.

Дар рафти омӯзиш ба кормандон нармафзори системавӣ, системаҳои дар серверҳо насбшуда, принсипҳои асосии кор, имкониятҳои система, таркиби таҷҳизот, назораткунандаҳои телефонҳои “ROIP, SIP”, камераҳои “SIP CCTV”, радиостансияҳо, пайвастшавӣ, тавсифи нармафзор, нақшҳои маъмури система, оператор, қоидаҳои умумии кор ва нигоҳдорӣ ва ғайра омӯзонида мешаванд.

барчасп: