Анҷоми тамринҳои панҷрӯа барои имдодгарон, ки аз ҷониби мутахассисони Туркия роҳандозӣ шуд

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсҳои такмили ихтисоси КҲФ наҷотдиҳандагон гузаронида шуданд.

Тӯли 5 рӯз кормандони воҳидҳои наҷоти КҲФ омӯзишҳои интерактивиро барои азхуд намудани усулҳои нави расонидани кумак ба осебдидагон дар қаторкӯҳҳои кишвар хатм карданд. Ин тамринҳо аз ҷониби устодони ботаҷрибаи Агентии мудирияти ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) гузаронида шуданд.

9 ноябри соли 2024 пас аз анҷоми тамринҳо маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба иштирокчиён баргузор гардид, ки дар он Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар ва Сарвари Агентии ҳамкориҳо ва ҳамаоҳангсозиҳои Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Иброҳим Этхем Унал ширкат карданд.

Сардори идораи наҷоти кишвар дар суханронии худ барои ташкили хуби омӯзиш, сатҳи баланди касбии мураббиён, ки таҷрибаи худро бо мутахассисони КҲФ мубодила карданд, инчунин ба Сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии лоиҳаҳое, ки дар кишвари мо амалӣ мешаванд, изҳори сипос намуд. Раиси КҲФ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки малакаҳои ҳосилшуда дар оянда самаранокии амалиёти наҷотро бештар хоҳад кард.

 Дар навбати худ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар изҳор дошт, ки ҳукумати Туркия минбаъд низ барои рушди босамари ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда саъй хоҳад кард.

Ба иштирокчиёни тамринҳои панҷрӯза сертификатҳо супурда шуданд. Илова бар ин, аз ҷониби Туркия ба ҷузъу томҳои наҷоти КҲФ дастурҳои таълимӣ ва таҷҳизоти наҷот супурда дода шуданд.

 

барчасп: