Сел дар Айнӣ, Тоҷикобод ва Сангвор

Боронҳои пуршиддати тирамоҳӣ дар баъзе манотиқи кишвар боиси ташвишу изтироби сокинон шуд ва ҷо-ҷое харобиҳо ҳам ҳам ба бор овард. Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 6-7-уми ноябри соли равон боронҳои пуршиддат муҷиби омадани селҳо ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар ҳудуди навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд шуданд.

Чунончӣ, рӯзи 6 ноябри соли 2024, соати 14:30 дақиқа дар километрҳои 100 ва 108-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ сел сабабгори муваққатан баста шудани роҳ шуд.  Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада аз ҷониби ширкати IRS техникаҳои муҳандисӣ сафарбар гардида, соати 18:31 дақиқа роҳ барои ҳама намуди воситаи нақлиётҳо боз гардид.

Рӯзи 6 ноябр, соати 22:20 дақиқа дар деҳаи Миразиёни ҷамоати деҳоти Қалъаи Лабиоби ноҳияи Тоҷикобод бинобар сабаби бориши борони зиёд  аз селроҳа сел омад. Селоба ба  4 хонаи истиқоматӣ ва 5 иншотҳои ёрирасон (оғилхона) ворид гардид.

Дар ин ҳодиса 2 пули мошингузари байни деҳа ва масофаи тақрибан 80 метр роҳи мошингузаро қисман зарар дид. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда аҳолии деҳаи Миразиёнро ба ҷойҳои бехавф кӯчонидид. Дар ин ҳодисаи талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

7 ноябри соли 2024, соати 02:20 дақиқа дар километрҳои 1, 3, 37  ва 40-уми шоҳроҳи Лабиҷар маркази ноҳияи Сангвор, бинобар сабаби бориши боронҳои зиёд аз селроҳа сел омада, роҳро баст. Ҳамчунин дар километри 37-уми шоҳроҳи Лабиҷар маркази ноҳияи Сангвор як адад автомашинаи сабукрави тамғаи “Opel” -ро сел аз канори роҳ тақрибан ба масофаи 15 метр аз роҳ берун бароварда, дар соҳили дарёчаи Рубоднол партоб кард. Хидматчиёни ҳарбии бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор якҷо бо аҳолӣ ронанда ва 4 нафар мусофири мошинро наҷот доданд.

Барои шиносоӣ бо вазъ дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Сангвор ва бо мақсади ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак ва ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳияҳо ва идораҳои дигар гурӯҳи кории КҲФ ба макони ҳодиса эъзом гардид. Дар айни замон дар манотиқи селзада корҳои бартарафсозии паёмадҳои он башиддат идома доранд.  

 

барчасп: