5 ноябри соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Раёсат, инчунин ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Исфандиёр Салом иштирок намуданд.
Исфандиёр Собирзода ҳамагонро бо ин ҷашни муҳими давлатӣ табрик гуфта, аҳамияти қабули санади тақдирсози сиёсию ҳуқуқӣ – Конститутсияро дар соли 1994, ки барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи устувор гузоштааст, қайд намуд.
Нақши хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, истиқлолият ва якпорчагии он, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд махсус қайд кард.