Оғози дарсҳои омӯзишии муштараки имдодгарони Тоҷикистону Туркия

Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, инчунин бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD), дарсҳои омӯзишии панҷрӯза байни имдодгарони КҲФ ва наҷотдиҳандагони AFAD оғоз гардиданд.

Ба ин манзур як гурӯҳи наҷотбахшон аз Туркия ба шаҳри Душанбе омадаанд, ки дар дарсҳои амалӣ бо ҳамкасбони тоҷики худ дар бахши фаъолиятҳои наҷоти фаврӣ дар ҳалотҳои фавқулодаи табиӣ табодули таҷриба кунанд.

Дар маросими ифтитоҳи семинар муовини раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Адҷар ва Роҳбари Раёсати ҳамкории Туркия (ТИКА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иброҳим Этҳем Унал ширкат карданд.

барчасп: