27-уми августи соли 2016 як ҳавогарди обнишини Че-23М дар ноҳияи Браслав сарнагун шуд.
Аз се нафаре, ки дар он савор буданд, як нафар-марди 56-сола ҷон бохт. Соҳиби ҳавопаймо низ маҳз ӯ буд. Се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба гузориши комиссияи давлатӣ ин ҳавпаймо ҳанӯз ба об нарасида дар хушкӣ суқут кардааст. Яке аз зиндамондагон халабони ҳавопаймо буд, аммо Кумитаи тафтишотии Русия мегуфт, ки наметавон ба сарнагунии тайёра маҳз ӯро гунаҳгор донист
Ҳавпаймои обнишини Че-23М аслан барои роҳандозии корҳои назоратӣ дар обҳо ва интиқоли одамон ва бори онҳо сохта шудааст. Бо суръати 190 км дар як соат парвоз мекунад. Он қодир аст болои обе, ки умқаш то ба 50 сантиметр ва дарозиаш бештар аз 200 метр аст, биншинад.