Баррасии ҳамкориҳо бо наҷотдиҳандагони Британияи Кабир дар КҲФ

28 августи соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҳайати Британияи Кабирро таҳти роҳбарии муовини директор оид ба рушд дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Майкл  Галлахер ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ роҳбари КҲФ ба меҳмон дар бораи фаъолияти КҲФ, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод.

Ҳадафи аслии вохӯрӣ табодули таҷриба миёни воҳидҳои наҷоти ду кишвар, шеваҳои истифода аз фанновариҳои муосири наҷот ҳангоми анҷоми амалиёти наҷот ва баргузории давраҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон бо ширкати мутахассисони бритониёӣ буд.

Ҳама чорабиниҳои банақшагирифташуда ба Созишномаи ҳамкорӣ дар идораи  хатари офатҳои табиӣ асос ёфтаанд, ки дар аввали моҳи августи соли 2024 байни Кумита ва Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба имзо расида буд.

Ҷаноби Галлахер барои пазироии гарм изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки танҳо тавассути ҳамкории зич мо метавонем ба иҷрои самараноки вазифаҳои ба миён гузошташуда ноил шавем.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуда, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

барчасп: