Ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи шанбе, 28 августи соли 1993 рух дод. Ҳавопаймои Як-40, мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Тоҷикистон”, ки дар хатсайри Хоруғ-Душанбе парвоз мекард, дар дарёи Панҷ сарозер шуд. Аз 86 нафаре, ки дар он савор буданд (81 мусофир ва 5 ҳайати экипаж), 82 тан ҳалок шуданд. То ин замон ин калонтарину пурфоҷеатарин суқути ҳавопаймо дар таърихи Тоҷикистон буд.
Ҳавопаймои сарнагуншудаи Як-40 моҳи декабри соли 1975 дар корхонаи тайёрасозии Саратов сохта шуда, худи ҳамон сол ба ихтиёри Вазорати ҳавонавардии Шӯравӣ гузашт. Ин ҳавопаймо барои 28 мусофир пешбинӣ шудааст. Дар аввал он ба Раёсати ҳавопаймоии Ёқутистон дода шуд ва баъдан аз 26-уми феврали соли 1988 ба Тоҷикистон супурданд.
Ҳайати хадамаи ҳавопаймо:
Халабон-фармондеҳ Мэлс Сияров.
Халабони дуюм — Юрий Дёмин.
Бортмеханик — Низомиддин Буриев.
Меҳмондор - И. Қаюмов.
Штурман - Евгений Бобоҷонов
Замони суқути ҳавопаймо авҷи ҷангҳои дохилии Тоҷикистон буд, дар шаҳри Хоруғ бештар аз дигарон мухолифони мусаллаҳ гаштугузор мекарданд. Бино ба гузоришҳо вақти парвоз онҳо кулли мусофиронро аз тайёра берун карданд ва касони дилхоҳи худро дар он нишонданд. Ба ҷоий 28 нафар он рӯз 81 (бино ба маълумоти дигар 82) нафарро савор карданд, ки 14 тани онҳо кӯдакон буданд. Боре, ки мусофирон бо худ доштанд, низ бештар аз меъёр буд. Экипаж дар аввал аз парвоз саркашӣ кард, вале аз тарси кушта шудан ноилоҷ розӣ шуд. Аммо парвоз накарда ба дарёи Панҷ сарозер гашт.
Дар ҷойи ҳодиса 6 нафарро зинда пайдо карданд, ки ду нафари онҳо аъзои экипаж буданд ва ҳарду низ дар бемористон аз ҷароҳату захмҳои бардошта ҳалок шуданд.
Дар таърихи Як-40 ва умуман таърихи ҳавопаймоии Тоҷикистон ин пурталафоттарин суқути ҳавопаймо буд. Баъди ин ҳодиса то анҷоми ҷанги дохилӣ дигар кулли парвозҳо аз Хоруғ ва ба Хоруғ қатъ карда шуданд.
Дар фоҷеа яке аз шоирони саршиноси кишвар Амонбек Шоҳзода низ буд, ки дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд.