18 августи соли 2024 соати 10:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ мошини тамғаи «Hino», ки аз ҷониби як марди 33-солаи сокини ноҳияи Вахш идора мешуд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Бохтар, вақти вуруд ба қаламрави ноҳияи Хуросон дар натиҷа аз кор баромадани тормоз натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд ва сабабгори тасадуфи нақлиётӣ шуд.
Як мошини боркаш, ки бо суръати баланд меомад ба мошинҳои дигаре, ки канори роҳ қарор доштанд, бархӯрд. Дар натиҷа ронанда бо ҷароҳатҳои хеле зиёд ба дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шуд.
8 нафар ҳамчунин бо ҷараҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шуданд ва як нафар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.
Дар ин садамаи мудҳиш 7 мошин зарар дид.
Мақомоти марбута ба тафтиши ҳодиса шуруъ карлданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таслият ба пайвандони фавтидаи ин садама ва ҷароҳатбардоштагон як бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки пеш аз сафар аввал омодагии мошини худро ҷиддан санҷанд. Дар роҳ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя кунанд. Бахусус риояи фосилаи байни мошинҳо як гарави аслии амният барои ронандагон ва ҳамсафарони онҳост.