Дар доираи таҷлили 30-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти КҲФ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадорони КҲФ иштирок доштанд.
Қабл аз оғози чорабинӣ ба иштирокчиён намоиши таҷҳизоти махсуси амалиёти наҷоти фаврӣ, таҷҳизоти муосири алоқа, ҳавопаймоҳои бесарнишин, таҷҳизоти техникии Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ, таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ, таҷҳизоти тиббӣ барои ёрии аввалия ва аксҳое, ки таърихи КҲФ ва фаъолияти ӯро тасвир мекунад,пешкаш карда шуд.
Чорабинии тантанавиро ифтитоҳ намуда, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Маҳмудзода ҳайати шахсии Кумитаро табрик гуфта, паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии КҲФ қироат намуд.
Нишасти идона бо барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарии кишвар ба поён расид.