Дар робита ба таҷлили сисолагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои низомӣ чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуданд.
Дар ин чорабиниҳо сардорони раёсатҳои вилоятӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, ҳайати шахсӣ, собиқадорони КҲФ, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд.
Чунончӣ, зимни суханронӣ дар назди ҳайати шахсӣ сардори Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе полковник С. Шамсизода ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ин санаи нишотбахш табрик намуд.
Дар ҷаласаи тантанавӣ кормандон бо сипоснома ва туҳфаҳо ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ширкаткунандагон дар суханрониҳои худ қайд намуданд, ки онҳо дар ҳақиқат саргарми корҳое ҳастанд, ки нафъашон ба инсонҳо мерасад. Наҷоти ҷони касоне, ки дар ҳолатҳои ногувор мондаанд, бартараф кардани паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ва ғайра аз ҷумлаи он корҳое ҳаст, ки ба дасти имдодгарони КҲФ анҷом мешаванд ва ин худ шарафу иззатест, ки на ба ҳар кас муяссар мешавад.
Ҳамин аст, ки то кунун имдодгарони Кумита дар наҷоти садҳо нафар саҳм гузоштанд.