Ҷаласаи тантанавӣ дар КҲФ ба муносибати 30-солагии таъсиси он

16 августи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Идораи наҷоти кишвар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумита ва ҳайати шахсии гарнизони Душанбе иштирок доштанд.

Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар вазъи тантанавӣ суханронӣ кард.

Сарвари КҲФ аз ҷумла гуфт: “Дар арафаи ҷашни касбӣ – сисолагии таъсиси Кумита ба шумо барои корҳои бузурге, ки ҳар рӯз дар наҷоти ҷони одамон анҷом медиҳед, ташаккур мегӯям. Шумо на як инсонро наҷот додед, ба бисёр одамон кумак кардед, ба шарофати фаъолияти шумо КҲФ обод шуд, рушд кард ва дар кори пуршарафи наҷоти одамон, рафъи паёмадҳои офатҳои табииву техногенӣ обрӯ пайдо кард.

Кори наҷот як касби пуршараф аст ва ҳам пурмасъулият. Маҳз ин метавонад барои инсон шарафу иззат орад, обрӯи ӯро миёни ҷомеа боло барад.

Дар ин лаҳзаҳои пуршараф ва хуш барои ҳамаи шумо ҳамин шарафу иззати ҳамашагӣ ва расидан ба орзуҳои некатонро таманно дорам”.

Дар суханронии худ Раиси Кумита аз заҳматҳои собиқадорон ва бунёдгузорони Кумита ёд кард ва ба онҳо барои талошҳои муваффақашон дар кори рушду такмили фаъолияти КҲФ изҳори сипос кард.

Ҳамчунин Раиси Кумита дар бораи ҳамкориҳои наздик бо ҷомеаи байналмилалӣ, ки имкон дод дар як муддати басо кутоҳ базаи техникии Кумитаро такмил диҳад ва маҳорату малакаи кормандони онро боло барад, сухан ронд.   

Дар ҷаласаи тантанавӣ ба кормандон барои дастовардҳо мукофотҳои идоравӣ ва медалҳои ҷашнӣ тақдим карда шуданд.

барчасп: