30 соли КҲФ. Ташкилёбии мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

Дар олам ҳеч чизе бидуни таърих нест, ҳар ниҳодеро ҳам сарнавиштест, ҳар сохторе оғози таъсис дорад ва марҳилаҳои рушду тавсеа. Аз ҷумла, мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ки аввалин саҳифаҳои таърихи худро дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, аниқтараш дар соли 1918 навишт.

Замоне, ки нахустин ҳавопаймоҳо дар фарози майдони ҷанг пайдо шуданд ва ақибгоҳро мавриди ҳамла қарор доданд, анборҳои силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва захираҳои ғизо ва сару либоси сарбозонро ба нишон гирифтанд, ин зарурат пеш омад, ки бояд тадбире андешид, то аҳолии мулкӣ, ғайринизомиён аз шарри душманон эмин бимонанд.

Соли 1928 Кумитаи давлатии корҳои ҳарбӣ ва баҳрӣ аввалин Низомномаи мудофиаи зидди ҳавоии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалисти (ИҶШС)-ро тасдиқ намуд. Дар Низомнома татбиқи вазифаҳои мудофиаи ҳамлаҳои ҳавоӣ бо истифода аз қувва ва воситаҳои сохторҳои ҳарбӣ, шаҳрвандӣ ва идораю ташкилотҳои мудофиавии ҷамъиятӣ муайян карда шуд.

Соли 1932 ҷиҳати таъсиси низоми ягонаи умумидавлатии мудофиаи зидди ҳавоии маҳаллии кишвар воситаҳои зарурии моддӣ, фароҳам оварда шуд.

4 октябри соли 1932 Шўрои вакилони Комиссарон - Ҳукумати кишвар, "Низомномаи мудофиаи зидди ҳавоии ИҶШС" – ро кабул кард. Дар асоси ин санад аввалин маротиба тадбирҳо ва воситаҳои ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар дар минтақаи эҳтимолии хатари ҳавоии авиатсияи душман муайян карда шуд. Санади мазкур оғози таъсиси мудофиаи зидди қувваҳои ҳавоии маҳаллӣ (МЗҚҲМ) буд. Ин санаи таърихӣ, рӯзи таъсиси мудофиаи гражданӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз он вазифаҳоеро, ки мудофиаи зидди ҳавоии маҳалии кишвар иҷро мекард, такмил дод ва инкишофи минбаъдаи онро мудофиаи граждании ИҶШС давом дод.

Амалиётҳои фаъолонаи МЗҚҲМ дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дод ва исбот намуд, ки ин самти фаъолият хеле зарур буд. Дар он давра метавонистанд 30 ҳазор ҳамлаҳои ҳавоии душманро бартараф намоянд. Дар баробари ин, 32 ҳазор садамаҳои калон, 430 ҳазор гулулаҳои ҳавоӣ, қариб 2,5 миллион гулулаҳои рўизаминӣ ва зеризаминиро бехатару бартараф гардонида, зиёда аз 90 ҳазор сўхторҳо хомӯш карда шуданд.

Солҳои баъди ҷангӣ, ин соҳа инкишоф ёфта, баъд аз пайдо шудани силоҳҳои атомӣ, нейтронӣ, ҳавопаймоҳои дурпарвоз   мудофиаи гражданӣ дар тамоми маконҳо тақвият дода шуд.

15 июли соли 1961 бо қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС мудофиаи зидди ҳавоии маҳалӣ ба мудофиаи гражданӣ табдил дода шуда, вазифаи сардори МГ ба сохтор ворид шуд. Роҳбарии бевоситаи МГ дар ҷумурҳуриҳо, шаҳраку деҳот, ноҳияҳо ба зиммаи раисони Шӯрои вакилони халқ вогузор карда шуда, онҳо сардорони он ба ҳисоб мерафтанд.

Солҳои 1970-ум намуди нави неруҳои мудофиаи гражданӣ, аз ҷумла, отрядҳо, дастаҳои механикунонидашуда, инчунин Қўшунҳои мудофиаи гражданӣ таъсис дода шуд.

Соли 1971 роҳбарии мудофиаи гражданӣ ба зиммаи муовини Вазири мудофиа вогузор гардида, худи сохтор ба итоати Вазорати мудофиа гузаронида шуд.

Бо фармони Раиси Кумитаи мудофиа аз 7 октябри соли 1992, № 52 дар асоси қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991, №УП-188 «Дар бораи таъсис додани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Кумитаи мудофиа, комиссариати ҳарбӣ ва Ситоди мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Таърихи мудофиаи гражданӣ дар Тоҷикистон аз соли 1992 якҷо бо ташкилёбии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ оғоз гардид. Аз ин давра ба зиммаи мудофиаи гражданӣ вазифаҳои ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои хоҷагии халқ аз оқибати садама, фалокат, офати табиӣ, роҳандозии корҳои наҷот ва барқарорсозӣ вогузор карда шуд. Дар ин самт, зарурияти таъсиси низоми нави ягонаи давлатӣ, ки барои омодагии пешакӣ ҷиҳати фаъолият дар шароитҳои душвор ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда бар асари садамаҳои калон, фалокатҳо ва офатҳои табиӣ ба амал меоянд, пайдо шуд.

Дар асоси қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 августи соли 1994, № 400 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Аз ҳамон давра фаъолияти роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумита ба рушди соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда равона гардида, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ба фаъолияти Кумита дахлдошта таҷдиди назар шуд.          

Дар сохтори Кумита аввалин қисми ҳарбӣ 45989 буд, ки он дар заминаи кисми ҳарбии 52476-и Ситоди мудофиаи граждании (Полки мудофиаи гражданӣ) назди Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ташкил ёфта буд.

Дар ин солҳо дар бартараф намудани паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи зерин саҳм гузоштааст:

  •  рафъи кӯли сунъии аз боришоти зиёд ба амаломада дар ноҳияи Ховалинг (соли 1995);
  •  бартарафсозӣ аз бўҳрони бемории сироятии «домана» бо тариқи муҳофизат ва пешгирии эпидемия дар шаҳри Кўлоб (соли 1996);
  •  пешгирӣ аз офати табиӣ ва корҳои соҳилбандии дарёи Ёхсу ҳангоми бориши зиёди борон дар деҳаи Ангурбоғи ноҳияи Восеъ (соли 1997).

Дар баробари ин солҳои 1996-1997 кормандони Кумита ва ҳайати шахсии қисми ҳарбии 45989 дар муҳорибаҳои ҳарбии ноҳияи Тавилдара барои пойдор нигоҳ доштани сохти конститутсионии мамлакат иштирок намуданд.

2 июли соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар ин давра қонунҳои ҶТ ва дигар  санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода, ки мутахассисони ин вазорат омода карда буданд, қабул шуданд.

30 ноябри соли 2006 бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ва вазифаҳои ин вазорат ба ин сохтор вогузор карда шуд.

Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти Кумита то имрўз аз давраи ташкилёбиаш, чандин маротиба такмили сохтор гузаронида шуд, ки ҳадаф зиёд намудани воҳидҳои штатии ситодҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳо ва таъсиси дастаҳои наҷоти иловагӣ аз ҳисоби кам кардани воҳидҳои штатии дастгоҳи марказӣ ва ситодҳои минтақавӣ буд.

Ситодҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳиявӣ, аз  ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки аз давраҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд дошта, баъди аз байн рафтани системаи мутамаркази мудофиаи граждании собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсис ёфтани Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани иқтидори онҳо диққати махсус дода шуда, ҳоло онҳо ба яке аз сохторҳои асосии Кумита дар минтақаҳо табдил ёфтаанд.

Дар доираи такмили сохтор, ситодҳои шаҳру ноҳияҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015,№ 590 «Дар бораи тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории Дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи Марказии ҳокимияти давлатӣ» ба шуъбаю зершуъбаҳо табдил дода шуданд. Ин имкон дод, ки воҳидҳои штатии шуъбаю зершуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо зиёд гардида, ҳаҷм ва сифати иҷрои вазифаҳои соҳавӣ дар самти корҳои фаврӣ, омодасозии аҳолӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маълумотҳои зарурӣ оид ба ҳолати мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда мусоидат намояд.

Бо мақсади беҳтар кардани фаъолияти Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, таҳкими заминаи моддӣ ва техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар самти таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулодда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  барои     солҳои   2009 - 2014” ва   баъдан “Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  барои солҳои 2018 – 2022” қабул гардид.

Наҷотдиҳандагон ва хидматчиёни ҳарбии Кумита дар чунин амалиётҳо иштирок намуданд:

  • машқҳои муштараки умумиҷаҳонии “КорпусКаз” – 1997”;
  • машқҳои муштараки сохторҳои  наҷоти давлатҳои Осиёи Марказӣ “Казспас”, ки аз соли 2008 то 2018 ҳамасола баргузор мешуд;
  • ҷамъомади байналмилалии наҷотдиҳандагон (Олмон, соли 1998) (Федератсияи Русия, соли 2009);
  • садамаи чархболи МИ-8 сарҳадбонони Русия дар дарёи Панҷ (соли 1999);
  • садамаи чархболи МИ-8 Горди Миллии Тоҷикистон (соли 1999);
  • таъмини амнияти интиқоли борҳои башардўстона ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 2001-2002);
  • рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодда дар нерўгоҳи Бойғозӣ (соли 2002);
  • экспедитсияи илмӣ-варзишӣ ба кўли Сарез (солҳои 2003-2004);
  • корҳои соҳилбандӣ дар минтақаи Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (солҳои 2004-2006);
  • иштирок дар машқҳои муштараки “Марз-2005” “Норак антитерор-2009”;
  • рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Рашт, Ашт, Панҷакент, Хуросон, Шуғнон, Рушон, Рудакӣ, Дарвоз, Панҷ ва Фархор (солҳои 2007-2018);
  • садамаи чархболи МИ-8 Гвардияи миллии Тоҷикистон дар қаторкўҳҳои Фартумбеки ноҳияи Лахш (соли 2018).

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти Кумита ин фаъолияти босамари қўшунҳои мудофиаи гражданӣ ба ҳисоб меравад. Ба низом даровардани омодагии қисмҳои ҳарбӣ, тайёрӣ ва малакаи касбӣ дар замони осоишта вобастагии калон дошта, то имрўз аз тарафи масъулини Кумита ва қисмҳои ҳарбӣ талаботҳои бандҳои Нишондодҳои ташкилию методии ҷузъу томҳои қўшунҳои мудофиаи гражданиро ба таври зарурӣ ба роҳ мондаанд.

Бо назардошти афзоиши ҳолатҳои фавқулода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул намуда, барои идора кардани хавфи офатҳои табиӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда сохтори муносиб оид ба ҳалли он масъалаҳо таъсис дод.

Бо мақсади ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, инчунин баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодиёти мамлакат ва тайёрии тамоми зинаҳои мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шудааст, ки мақоми доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ҳамоҳангсози Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Бо мақсади ба танзим даровардани тартиби ҳамоҳансозии фаъолияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар мавриди коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, № 98  дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Платформаи миллӣ ваколатҳои худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомотҳои худидоракунанда, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ, секторҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ менамояд.

барчасп: