Наҷоти як зани 33-сола, ки қасди худкушӣ дошт. Ҳалокати ду духтари ноболиғ дар обҳои кишвар

7 августи соли 2024 тахминан соати 00:31 дақиқа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лахш садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Як автомошинаи тамғаи ВАЗ 2114, ки аз ҷониби як сокини 38-солаи деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Лахш идора мешуд, ҳангоми убур аз пули мошингузари деҳаи Каёндеҳ ба канали Ғулама сарозер гашт.

Сабаби ин ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст. 

Бар асари ин рӯйдод як духтарчаи 4-сола дар оби канал ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасад.

Соати 01:45 дақиқа ҷасади ноболиғ аз тарафи сокинон пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.

****    ****    ****

Мувофиқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 7 августи 2024, тахминан соати 10:30 дақиқа як духтари 16-сола, сокини шаҳраки Зарафшон-2, ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Айнӣ дар дарёи Фон афтодаву ғарқ шудааст. 

Бо дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ дар водии Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, даст ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот заданд. То торикӣ ҷустуҷӯҳо идома дошт, вале бенатиҷа.

Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади духтари нгоболиғ аз субҳи имрӯз аз сар гирифта шуд.

Маълумоти иловагӣ пешниҳод мешавад.

****    ****    ****

Тибқи маълумоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, соати 17:25  шаҳрванд як сокини 33-солаи кӯчаи Айнӣ 94, ҷамоати деҳоти Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарёи Сир ҳаво додааст.

 Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Хуҷанд сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, номбурдаро аз хатари марг наҷот доданд.

Сабаби қасди ҷон кардани бонуи 33-сола маълум нест.

барчасп: