Идома корҳои рафъи паёмадҳои сел дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим

Рӯзи 7 августи соли 2024 барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ дар деҳаи Зугванди ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим 5 адад техникаҳои вазнин, 8-техникаи муҳандисӣ ва 5-адад техникаҳои ёридиҳанда ҷалб шуда, масофаи 110 метр соҳили харобгардидаи селпарто тоза карда шуд.

 Маврид ба ёдоварист, ки 4-уми август соли ҷорӣ бар асари боло рафтани дамои ҳаво ва об шудани пиряхҳо ин деҳа шоҳиди омадани як сели харобкор шуда буд. 

Тибқи иттилои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи ин офати табиӣ 13 манзили истиқоматии сокинон пурра, 13 манзил қисман хароб гардид. Ба 13 манзили бошандагони ин деҳа сел зарари сабук расондааст.

6 – уми августи  соли 2024, аъзои Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда бо роҳбарии  муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамшо Латифзода ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Саридораи геология, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Агентии захираҳои модии давлатӣ ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми зарари расида, ба деҳаи Зугванд, ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим сафарбар шуданд.

Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти худро барои пурра муайян намудани ҳаҷми зарари расида идома медиҳад.

барчасп: