Ду ғарқшудаи рӯи 6-уми август, ки яке ҳамагӣ ду сол дошт

6-уми августи соли ҷорӣ ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсӣ, дар ҳавзи “Мехкарер” нафаре ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.

Ба ҷойи ҳодиса ғаввосони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

Дар натиҷаи роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯву наҷот соати 18:36 дақиқа ҷасади ғарқшуда аз об берун оварда шуд.

Маълум гардид, ки марҳум як сокини 19-солаи маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт буда, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.

Ҷасад ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхис супурда шуд. 

*****     *****    *****

Шашуми августи соли 2024, тахминан соати 16:40 як тифли дусола аз деҳаи Тугараки ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз беаҳмиятии волидайн дар ҷуйбори назди хонаашон афтида ғарқ шудааст.

*****     *****    *****

Шашуми августи соли 2024 соати 09:54 дақиқа  ҷасади як зода ва истиқоматкунандаи 75-солаи деҳаи Боғеви ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, ки аз 5-уми августи соли равон бедарак шуда буд, пайдо карда шуд.

Маълум гардид, ки мавсуф рӯзи 5 – уми август ҳангоми ҳаракат ба самти дараи Боғев     аз уҳдаи идораи мошини тамғаи УАЗ надаромада, дучори садама шудааст ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

барчасп: