Рӯзи «дарҳои боз» дар Раёсати КҲФ дар ВМКБ

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсиси КҲФ, ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ барои мактаббачагон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ чорабинии маърифатӣ баргузор кард.

Ширкаткунандагони ин чорабинӣ хонандагони синфҳои 2, 6 ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ буданд. 

Дар ҷараёни боздид кӯдакон дар бораи таърихи таъсиси идораи наҷот маълумоти муфид дарёфт намуданд.

Онҳо бо таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ва воситаҳои кумак ба зарардидагон, ҳамчунин тарзи истифодаи онро диданд ва аз таҷрибаи наҷотдиҳандагон баҳра бардоштанд. 

Ба меҳмонон либосҳои ҳарбӣ ва таҷҳизоти оташнишонӣ нишон дода шуд.

барчасп: