Як сокини шаҳри Душанбе аз кӯчаи Зарафшон бинои 2/2 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки як дарахти бузурге назди ин бино барои одамон хатар эҷод мекунад.
Вай аз ҷумла гуфт, ки дарахт ҳар лаҳза метавонад ба боми хонаҳо афтад ва зарар расонад.
Дастаи имдодагрони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии арраи барқӣ ин манбаъи «хатарро» бартараф намуданд.