Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар давоми шабонарӯзи наздик дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво бори дигар ба идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.
Аз волидон хоҳиш карда мешавад фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд.
Ба сайёҳон тавсия дода мешавад, ки дар чунин рӯзҳо аз сайёр саёҳатҳо ба мавзеъҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва бемориҳои роҳи нафас дар ин рӯзҳо бояд тамоми чораҳои эҳтиётии тиббиро бинанд. Захираи доруҳои лозимро бояд ҳамеша дар худ дошта бошанд.
Дар ҳолатҳои фавқулодда шаҳрвандон метавонанд ба КҲФ бо рақамҳои 112 ё 93 880 28 19, 88 400 01 01 занг зананд.