Подполковник Фотима Бошиева ғолиби озмуни “Оилаи беҳтарин” шуд

Дар озмуни «Оилаи намунавӣ», оилаи  афсари калони Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсӣ,  подполковник Бошиева Фотима иштирок намуда, дар даври ноҳиявӣ аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори дипломи дараҷаи якум ва дар даври шаҳрии озмун  сазовори дипломи дараҷаи сеюм ва туҳфаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардиданд.

Шуруъ аз соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ Рӯзи байналмилалии оила эълон гардидааст, ки ҳамасола санаи 15-уми май таҷлил мегардад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро «Соли оила» эълон намуда буданд.

24 сол мешавад, ки дар саросари кишвари азизамон «Рўзи байналмилалии Оила» бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад  ва бо мақсади тақвият бахшидани мақом ва нақши оила дар ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рўзгордории оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона озмуни «Оилаи намунавӣ»  баргузор мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки имсол дар озмуни «Оилаи намунавӣ», оилаи  афсари калони Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсӣ,  подполковник Бошиева Фотима иштирок намуда, дар даври ноҳиявӣ аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори дипломи дараҷаи якум ва дар даври шаҳрии озмун  сазовори дипломи дараҷаи сеюм ва туҳфаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардиданд.

Ба подполковник Бошиева Фотима дар тарбияи фарзандони солиму бардам ва баору номус, поквиҷдон, росткор ва ба Ватан содиқ бурдбориҳо хоҳонем.

 

               М.Халифаева, Раиси Шурои занони Раёсат
              п/п-к