Замимаи мобилии «SOS» фаъол шуд (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барномаи мобилии «SOS»-ро роҳандозӣ карданд ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои он мусоидат намудан ба фаъолияти босамари инсон дар вазъияти фавқулода мебошад.

 Замимаи мобилии SOS-ро ҳар як соҳиби смартфони муосир дар асоси системаҳои омили Android ва IOS насб карда метавонад.

Ба корбарони барнома дигар лозим нест, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ба саволҳои худ дар сайтҳои ҷустуҷӯ ҷавоб ҷӯянд - онҳо ҳамеша дар дастанд. Маълумоте, ки дар маҳсулоти нармафзор мавҷуд аст, ба шумо кумак мекнуад, ки дар ҳолатҳои душвор тасмим бигиред.

Замимаи мобилии SOS як роҳи ҳалли осони мушкил барои беҳтар кардани бехатарӣ ва омодагии шумо ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Ин барнома як воситаи беҳтарин барои таълими асосҳои рафтори бехатар, вокуниши зуд ба таҳдидҳои эҳтимолӣ ва гирифтани иттилооти муосир дар ҳолатҳои муҳим ба шумор меравад.

Хусусиятҳои асосии он маводи таълимӣ, маслиҳатҳои муфид ва дастурҳои бехатарӣ мебошанд, ки аз ҷониби коршиносони ҳолати фавқулодда таҳия шудаанд. Модулҳои омӯзишӣ тарҳрезӣ шудаанд, ки маълумоти муҳимро ба корбар ба осонӣ ва возеҳ расонанд.

барчасп: