Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кумак ба аҳолии зарардида аз оқибатҳои сел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони байналмиллалӣ аз рӯзҳои аввали офатҳои табиӣ ба навоҳии зарардида ва сокинони осебдида мунтазам ёриҳои башарӣ мерасонад.
Маҳз вокуниши вафрӣ ва ташкили ҳамкориҳо ва дастгирии шарикони байналмилалии рушд аст, ки ин ҳама кумакҳо сари вақт ба аҳолии зарардида расонида шуд.
Чунончӣ, 2-уми моҳи майи сол равон Кумита бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 25 хонаводаи ҷамоати деҳоти ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки аз сел зарар дида буданд, кумак расонид.
Ин кумакҳо бо ширкати кормандони Кумита, Комиссияи ноҳиявии ҲФ ва шарикони байналмилалӣ ба аҳолии осебдида тақсим карда шуд.
Ёриҳо асосан аз маводи ғизоӣ, ашёи ниёзи аввал ва бастаҳои беҳдоштӣ иборат буд, ки бо техникаи Кумита ба маҳалҳо сари вақт расид.