Ҳушдори КҲФ аз селҳои рӯзҳои оянда!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон шабонарӯзи оянда дар баъзе навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари омадани селҳо, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита такроран ба сокинон муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили ин дарёҳо, кӯҳу доманакӯҳҳо худдорӣ кунанд. 

Кумита ҳамчунин аз сокинон ва меҳмонон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёт кунанд, ба ғунучини гиёҳҳои дорувор, қорччинӣ, ҳезум, дар соҳили обҳо моҳидорӣ маслиҳат нест.

Сокинон бояд аз қабл ба ин ҳама омода шаванд ва сари вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаву сангу рег тоза кунанд. 

барчасп: