Омӯзиши суханронии Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

9 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ, фаъолони маҳалҳо ва ходимони дин дар Кохи Ваҳдат вохӯрӣ доир намуда буданд.

Оид ба аҳамияти ин вохӯрӣ ва фаҳмонидани моҳияти суханронии Сарвари давлат дар давоми ҳафта аз ҷониби Кумита бо ҳайати шахсӣ дарсҳои сиёсӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Зимни дарсҳо нуктаҳои асосии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат имрӯз моро зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, дарк ва омӯзиши арзишҳои муқаддаси дини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафия, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, ифтихор, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ таваҷҷуҳи бештар кунем.

Дар ин дарсҳо таъкид гардид, ки ба масъалаи тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, бахусус хизматчиёни ҳарбӣ, риояи ҳатмии талаботи қонунгузории амалкунанда дар самти пешгирии хурофот ва ифротгароӣ, бегонаситезиву тақлид ва дигар омилҳои номатлуб, ки ҷомеаро нигарон мекунанд диққат дода шавад. 

Муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо кадрҳои Кумита полковник Шоев А. дар мавзӯи «Хатари терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ» маърӯза кард. Вай дар бораи паёмадҳои ногувор, таҳдид ё истифода аз зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини маънавӣ ва ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, беқонунӣ ва ғайра ибрози назар намуд.

барчасп: