25 апрели соли 2024 тахминан соати 10-и субҳ як сокини 6 – солаи деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади чорвочаронӣ бо дӯстонаш аз ҳавлӣ берун шуд. Ҳангоми убур аз дарёчаи Шӯрак пояш лағжид ва дар об ғарқ гардид.
Танҳо соати 18:20 дақиқа баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯро 150-200 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд ва барои ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба аҳолӣ муроҷиат кардааст, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Ин ҳодиса як гувоҳи дигари он нукта аст, ки сокинон дар аксар маврид хатарҳоро нодида мегиранд. Бубинед, равонаи чорвочаронӣ кардани кӯдаки 6-сола чӣ маъно дорад?
Бахусус, дар ин рӯзҳои боронӣ хатарҳо дар кӯҳу доманакӯҳҳо, соҳили обҳо зиёданд. Волидонро лозим меояд барои ҳифзи ҷони ҷигарбандони худ чораҳо андешанд ва яке аз ин чораҳо танҳо нагузоштани онҳо ва ё бе роҳбаладии калонсолон ба кӯҳу пушта барои ҷамъоварии ҳезум, дорувор ва ғайра равон накардани бачаҳои хурдсол мебошад.