Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯшон

 

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода барои соли 2024 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар давоми се рӯз дар мавзӯи: «Амалиёти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба мудофиаи гражданӣ» машқҳои мудофиаи гражданӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар тамринҳо омодагии мақомоти мудофиаи гражданӣ ва идораи ҳолатҳои фавқулода, низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, қувваҳо ва воситаҳо баррасӣ шуданд.

Сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳимоят аз ярч, сел ва заминҷунбӣ ва омодагии нерӯву воситаҳои ҳукумати ноҳия дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода санҷидаву арзёбӣ шуд.

Гуфтан бомаврид аст, ки ҳоло дар саросари кишвар ин гуна тамринҳои мудофиаи гражданӣ роҳандозӣ шудаанд.