Шабонарӯзи гузашта дастаи вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷасадеро аз «Кӯли ҷавонон» берун овард.
Дар бораи мавҷуд будани ҷасад дар ин кӯл ба Қисми навбатдории КҲФ аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дастаи зудамал ба ҷойи ҳодиса расида, ин ҷасадро аз умқи об берун овард. Маълум шуд, ки вай як ҷавони 21-сола, сокини деҳаи Порвори ҷамоати деҳоти Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон будааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳоло сабабҳои марги ин ҷавонро мавриди таҳқиқи қарор додаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ёдовар мешавад, ки мавсими оббозӣ аз 1-уми июн оғоз мешавад. Кумита бо эҳтиром хоҳиш мекунад, шаҳрвандон ҷони худ ва ҳамроҳону атрофиёнашонро дар хатар нагузоранд ва ҳангоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.