Имдодгарон мошини сарозершуда дар каналро берун кашиданд

Гурӯҳи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як автомашинаи сабукрави тамғаи «Лексус»-ро аз канали гардиши Неругоҳи барқи обии Варзоб берун оварданд.

Хабари фаврӣ ба навбатдори КҲФ субҳи 21 апрели соли 2024 расид. Гуфта мешуд, як мошини "Лексус" таҳти идораи як сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба самти ноҳияи Варзоб ба об сарозер шудааст.

Гурӯҳи ҷустуҷӯӣ ва наҷоти шаҳр фавран ба ҷои ҳодиса рафтанд. Барои бе  осеб баровардани мошин кормандони КҲФ аввал онро бо симтобҳо печонданд ва баъд бо ёрии таҷҳизоти махсус берун кашиданд.

Хушбахтона, дар ин ҳодисаи фавқулодда касе заар надид. Ҳангоми рух додани ҳодиса ронанда мустақилона то омадани наҷотдиҳандагон аз об берун шудааст.

Сабаби ин ҳодиса аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мешавад.  

Дар ҳамин иртибот бори дигар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хоҳиш мекунад, ҳангоми мошинронӣ қоидаҳои бехатариву амниятро ҷиддан риоя кунанд. 

барчасп: