Бинои Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт баъди таъмир ба истифода дода шуд

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъмиру ва тармим, бинои маъмурии Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти КҲФ ба истифода дода шуд.

Дар бино барои кори пурсаммари кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нав оид ба беҳбуди шароити хидмат, такмили маҳорати касбӣ ва хидмати содиқонаи кормандони идораи наҷот изҳори назар карда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки таъмини фазои орому субот, пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар аз фаъолияти пурсамар ва ватандӯстонаи ҳар як корманди КҲФ вобаста аст.

Таъкид гардид, ки кормандони идораи наҷот бояд ҳамеша дар байни мардум бошанд, бо рафтору кирдори нек, интизоми баланди хидматӣ бо аҳолӣ муошират ва ҳамкорӣ дошта, намунаи ибрати шахсӣ бошанд. 

барчасп: